LIVE

«Манчестер Юнайтед» оиди даромади солонаи рекордӣ эълон кард

«Манчестер Юнайтед» оиди даромади ҳаҷмаш 648,4 млн фунт (783,5 млн доллар) дар соли ахири молиявӣ эълон кард, ки нишондоди рекордии Премер-лигаи Англия мебошад, иттилоъ медиҳад ESPN.
Даромади умумӣ дар қиёс ба соли пешин дар ҳаҷми 11% зиёд гардид ва ин ҳам новобаста аз он, ки мавсими қаблӣ «МЮ» дар Лигаи Аврупо баромад карда буд. Ҳамчунин бошгоҳ оиди хисороти молиявӣ дар ҳаҷми 42,1 млн фунт (50,9 млн доллар) эълон кард.
Хароҷотҳо барои пардохти маош дар «Манчестер Юнайтед» дар ин даврон аз 331,4 млн фунт (400 млн доллар) то 52,8 млн фунт (63,8 млн доллар) —кам шудаанд, ки ин ҳам аз тағйироти кадрӣ ва набуди даста дар Лигаи чемпионҳо вобастагӣ дорад. Яке аз гаронмуздтарин бозигарон, ки бошгоҳро тарк гуфт Криштиану Роналду мебошад.
Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки ҳеҷ як аз дивидендҳо  ба моликони бошгоҳ — оилаи Глэйзерҳо ва саҳмдорони дигар — падохт нашудаанд.
Пештар хабар дода мешуд, ки миллиардери британӣ Ҷим Рэтклифф ба харидории 25%-и саҳмияи «МЮ» наздик аст ва мехоҳад ба корҳои қисмати варзишии бошгоҳӣ дахолат дошта бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив