LIVE

Шайх Ҷассим баҳри харидории «МЮ» беш аз 6 млрд доллар ваъда кардааст

Шайхи қатарӣ Ҷассим, ки мехост «Манчестер Юнайтед»-ро харидорӣ намояд, аз гуфтушунидҳо оиди харидории даста баромад, зеро арзиши тахминии «МЮ»-ро, ки за ҷониби моликони феълӣ гузошта шудааст, ғайривоқеӣ медонад, иттилоъ медиҳад ESPN бо такя ба манбаъҳои худӣ.
Пешниҳоди  Ҷассим қариб  5 млрд фунт стерлинг ( 6,061 млрд доллар) арзиёбӣ мешавад. Манбаъҳо ба  ESPN иттилоъ додаанд, ки моликони даста - оилаи Глэйзерҳо арзиши  «Манчестер Юнайтед»-ро беш аз 6 млрд фунт ( 7,275 млрд доллар) арзёбӣ мекунанд. Арзиши феълии бозории бошгоҳ қариб  2,6 млрд фунт (3,2 млрд доллар) мебошад.
Шайх Ҷассим мехост 100%-и саҳмияи бошгоҳро харидорӣ намояд, қарзҳо дар ҳаҷми 969,6 млн фунт (1,176 млрд доллар)-ро супорад ва 1,4 млрд фунт ( 1,7 млрд доллар) баҳри азнавсозии биноҳои бошгоҳӣ, аз зумраи «Олд Траффорд» ва тағйироти кадрӣ масраф намояд.
Миллиардери британӣ Ҷим Рэтклифф ва ширкати ӯ INEOS ҳамчунин мехоҳанд «Манчестер Юнайтед»-ро харидорӣ кунанд, вале нахуст мехоҳанд танҳо 25% саҳмияи бошгоҳиро бо арзиши қариб  1,5 млрд фунт (1,82 млрд) ба даст оранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив