LIVE

Мунтахаби Олимпии Тоҷикистон (U-23) Манучеҳр Ҷалиловро дастгирӣ кард

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки аз 6 то 12 сентябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» ширкат мекунад, ба ҳамлагари тими миллӣ ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов шифои комил таманно кард.
Беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии Тоҷикистон, Манучеҳр Ҷалилов, ки ба номаш 20 гол сабт намудааст, ин рӯзҳо дар Маскав қарор дорад ва бо бемории вазнин мубориза мебарад. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба Манучеҳр шифои оҷилу комил таманно мекунад ва боварӣ дорад, ки ҳамлагар бемориро паси сар карда, ба майдони футбол бармегардад!
Зудтар сиҳат шав, Манучеҳр, мо бо ту ҳастем!

Next Post

Комментарии 2

Samad
Samad от 9 сентября 2023 20:53
Илтимос Шахром Самиевро як тайма иваз кунед.Ман ба вай эхтиром дорам аммо чор дафьа голро зада наметавонад ба мо гол лозим аст Шахромчон 
Samad1995 от 9 сентября 2023 21:03
Шахромчон ахсан ба ту 6 голро зада натавонисти вагарна бо 3 голи натавонистаи дигарон 9 бар 0 мешуд

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив