LIVE

Гузариши рекордии бозигари ҷопонӣ ба «Фейеноорд»

«Фейеноорд» расман оиди гузариши ҳамлавари ҷопонӣ Аясе Уэда эълон намуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии тими нидерландӣ иттилоъ дод.
«Фейеноорд» бо пардохти маблағи бузург баҳри ин ҷопонӣ нишондоди рекордии трансферӣ дар таърихи хеш гузошт. Ҳамлавари ҷопонӣ аз «Серкл Брюгге» бар ивази на камтар аз 9 млн евро харидорӣ шуд ва ин ҳам гаронтарин харидорӣ дар таърихи «Фейеноорд» мебошад. Уэда дар рӯйхати гаронтарин гузаришҳои трансферии тими нидерландӣ аз Давид Ханко пеш гузашт, нафаре, ки аз «Спарта»-и Прага бар ивази 8,3 млн гузариш анҷом дода буд.
Уэда, ки бо тими наваш шартномаи панҷсола имзо кард, мавсими қаблӣ 23 гол дар 42 бозӣ ба самар расонидааст. То тими белгиявӣ ӯ дар кишвараш дар сафи «Кашима Антлерс» бозӣ менамуд. Уэда яке аз бозигарони мунтахаби Ҷопон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар ба ҳисоб мерафт.
Пештар бошад «Фейеноорд» бозигарони ҷопоние чун Синдзи Оно ва Рё Мияити дошта буд, ки барои тим кумак намуданд то Ҷоми УЕФА-ро соли  2002 ба даст орад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив