LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон сабқатҳои «CAFA FUTSAL CUP-2023»-ро бо бозӣ муқобили Ӯзбекистон оғоз мекунад

23-юми июл дар Душанбе нахустин мусобиқаи футзал миёни тимҳои миллӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад, ки дар он дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» бо тими миллии Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ 23 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавонед аз сомонаи https://ticketon.tj/dushanbe/sports ва инчунин аз хазинаи маҷмааи варзишӣ дастрас кунед.
🏆 «CAFA Futsal Cup-2023»
⚽️ Даври 1
📅 23 июл (якшанбе)
12:00 | 🇰🇬 Қирғизистон – 🇦🇫 Афғонистон
15:00 | 🇮🇷 Эрон – 🇹🇲 Туркманистон
18:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив