Ҳамлавар Лионел Месси ба суол атрофи хатми маснади варзишӣ карданаш дар мунтахаби Аргентина посух дод.
«Ростӣ гап, ман намедонам, ки кай дар мунтахаби миллӣ хатми маснади варзишӣ мекунам. Фикр дорам ин вақте фаро мерасад, ки фурсаташ бирасад. Баъди оне, ки чанде пеш мо ба дастовардҳо ноил шуда будем, танҳо бояд, ки аз ин лаззат бурд. Худо медонад, ки кай ин ҳолат фаро мерасад. Аз рӯи мантиқ ман бовар дорам, ки ин ба наздикӣ хоҳад буд, вале дақиқ намедонам, ки кай вақти мувофиқ мешавад. Дар бораи ҳаёти ҳаррӯза фикр дорам ва аз чизҳои беҳтарин кайфият мебарам. Моро зарур омад, ки дар тими мунтахаб фурсатҳои сангинеро паси сар намоем. Бахт ба рӯямон хандид то мо қаҳрамони ҷаҳон ва дорандаи Ҷоми Амрико шавем. Вақти кайфият бурдан аз ин фаро расид», — иқтибос оврадааст аз суханони Месси Goal бо такя ба TV Publica.
Ёдрас мекунем, ки Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина ғолиби чемпионати ҷаҳонии футбол дар соли 2022 гардида буд.
