Лионел Месси ният надорад, ки дар чемпионати ҷаҳон-2026 иштирок намояд.
Ҳамлавари мунтахаби Аргентина дар мавриди суоле, ки оё баъди пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дар чемпионати ҷаҳонии оянда ширкат мекунад ё на чунин посух дод:
«Фикр мекунам, ки не. Ин охирин чемпионати ҷаҳонии ман буд. Мебинем, ки корҳо чӣ гуна хоҳанд буд, вале тибқи андеша не, ман ба чемпионати ҷаҳонии оянда намеравам»,- гуфтааст Месси вақти мусоҳиба бо Titan Sports.
Сарчашма: Marca
