LIVE

«ПСЖ» ба Мбаппе ду шарти нав гузошт

Дастаи парижӣ изҳор намуд, ки   пардохти маоши баланди Мбаппе «танҳо дар ҳолати фурӯши минбаъда ё идомаёбии ҳамкории якҷоя баъди соли 2024» имконпазир хоҳад буд.
«ПСЖ» исрор мекунад, ки Килиан Мбаппе шартномаро тамдид намояд ё дастаро тарк кунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳамлавари фаронсавӣ парижиёнро ҳушдор дода буд, ки аз ҳаққи тамдидкунии шартнома то соли 2025 истифода нахоҳад кард. Ҳамзамон футболбоз мехоҳад, ки боз як мавсими дигарро дар тими фароснавӣ гузаронад.  
«ПСЖ» дар мавриди маоши бозигар изҳорот намуда, тасдиқ кард, ки даста омодаи пардохти маоши кории Мбаппе  «танҳо дар ҳолати фурӯши минбаъда ё идомаёбии ҳамкории якҷоя баъди соли 2024 мебошад, чизе, ки байни мо пештар  мувофиқа шуда буд».
«Реал» бошад интизорӣ дорад, ки оиди гузариши Мбаппе ин ҳафта ё ҳафтаи дигар ба тавофуқ расида метавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив