Бо се бозии даври панҷум марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оиди футзал анҷом ёфт.
Дар бозии марказии даври охирини марҳилаи аввал «Соро компания» бар дастаи навкори Суперлига- «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 зафар ёфт. Дар ин вохӯрӣ ду корти сурх барои ду бозигарӣ аз ҳардӯи дастаҳо нишон дода шуд. Аз дастаи «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода ва Идрис Ёров корти сурх гирифта, аз тими «Амонатбонк» – Султоншо Мирзоев ва Идибой Олимов муҷозот шуданд.
Дар бозии дигарӣ бошад бозигарони «Истиқлол» бо ҳисоби чордаҳ бар ду «Истаравшан»-ро шикаст доданд. Яку якбора панҷ бозигари душанбегиҳо – Шавкат Ҳалимов, Арстанбек Турсунов, Насратшо Исмоилов, Комрон Алиев ва Иқбол Воситзода ду голӣ ба самар расониданд.
Дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бошад баъди шикаст додани «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ба аввалин пирӯзии мавсимии хеш расид.
Ҳамин тариқ, баъди анҷоми марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон ду даста – «Истиқлол» ва «Соро компания» бо 13 холӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.
Вобаста ба омодагӣ ва иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати кишвар таннафус эълон гардид. Даври дуюми Суперлига оғози моҳи август шурӯъ мегардад.