Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуракашии Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал баргузор шуд.
Имсол дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 6 даста аз қабили «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», «Амонатбонк», «Самандар» ва «Истаравшан» иштирок мекунанд.
Имсол Чемпионат дар се марҳила ва плей-офф баргузор мешавад.
Бозии марказии даври аввали Суперлига, ин дидори дастаҳои «Истиқлол» ва «Амонатбонк» маҳсуб мешавад.
