LIVE

«Соро» бори сеюм барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд

Дастаи «Соро»-и Душанбе дар соли 2022 хет-трики тиллоӣ кард. Пас аз пирӯзӣ дар Суперҷоми Тоҷикистон ва Суперлигаи Тоҷикистон, дастаи Пайрав Воҳидов барандаи Ҷоми кишвар низ гардид. 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 «Соро компания» бар тими «Амонатбонк» бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дубли Самандар Ризомов, голҳои Дилшод Саломов, Идрис Ёров ва легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ба «Соро компания» ғалаба оварданд. 

Дар маросими ҷоизасупорӣ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва муовини раиси Раёсати Бонки давлатии «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода ширкат доштанд. 

Самандар Ризомов беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 эътироф шуд. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ гардид. 

Бояд гуфт, ки «Соро компания» барандаи секаратаи Ҷоми кишвар гардид. Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2020 ва 2021 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив