LIVE

Испания дар 11 соли охир аввалин бор соҳиби ҷоиза шуд

Бозии ниҳоии Лигаи Миллатҳо дар мавсими 2022/2023 миёни Хорватия ва Испания ба анҷом расид. Вақти асосӣ ва изофӣ бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ испаниҳо муваффақ шуданд (5:4).

Мунтахаби Испания бори аввал дар 11 соли охир соҳиби ҷоиза шуд. Бори охир тими миллии Испания дар Чемпионати Аврупо – соли 2012 ғолиб омада буд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Хорватия ба шарофати пирӯзӣ дар вақти изофӣ бар тими миллии Ҳолланд – 4:2 ба финал баромад. Испониҳо аз итолиёиҳо пурқувваттар буданд — 2:1.

Дар мубориза барои ишғоли зинаи сеюм Италия бар бар Ҳолланд бо ҳисоби 3-2 пирӯз шуд. Қаблан дастаҳои Португалия (2019) ва Фаронса (2021) ғолиб омада буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив