LIVE

Хорди Алба пас аз 11 сол "Барселона"-ро тарк мекунад

"Барселона" расман эълон намуд, ки Хорди Алба низ дар баробари анҷом ёфтани мавсим тарки даста мекунад. 

Рӯзи якшанбеи 28 май ӯ ва нимҳимоятгар Серхио Бускетс дар варзишгоҳи хонаи каталониҳо бо мухлисони “Барселона” видоъ мекунанд.

Шартномаи Алба бо Барселона барои як мавсими дигар буд, аммо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳоро ҷудо кунанд.

Дар 11 мавсим дар ҳайати «Барселона» Алба 458 бозӣ гузаронида, ба задани 27 гол ва 99 партофти головар даст ёфтааст. Ҳимоятгари 34-сола дар ҳайати каталониҳо 18 ҷоиза ба даст оварда, шаш маротиба қаҳрамони Испания ва як маротиба дар Лигаи Чемпионҳо пирӯз шудааст.

👟 458 бозӣ
🏆 6 Ла Лига
🏆 1 Лига чемпионов
🏆 1 Суперкубок УЕФА
🏆 1 Клубный ЧМ 🌎
🏆 4 Суперкубок Испания
🏆 5 Кубок Короля

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив