Ҳимоятгари «Барселона» Жорди Алба метавонад дар равзанаи трансфери тобистона ба таври ройгон дастаро тарк кунад, агар ӯ ба маоши камтар розӣ нашавад.
Дар бораи сарнавишти ин футболбози 34-солаи испанӣ маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, аммо «Барселона» барои фурӯши дастпарвари хеш омода аст. Алба бояд аз пуле, ки тибқи шартномаи охирин ба ӯ дода шудааст, даст кашад ва шартномаи нав бо музди камтар ба имзо расонад.
Ҳамчун Алба бояд маоше, ки дар замони КОВИД-19 нагарифтааст ва "Барса" аз ӯ қарздор мебошад, ба таври пурра даст кашад.