LIVE

Дар Душанбе семинари омӯзишӣ барои мутахассисони системаи VAR баргузор мешавад

Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳила ба марҳила ҷорӣ кардани системаи наворҳои такрорӣ барои доварон - VAR -ро дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Дар Душанбе имрӯз, 24 май семинари омӯзишӣ барои масъулони бахши такрори системаи  VAR оғоз шуд. Дар курсҳо 15 нафар намояндагони шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ва доварони бозиҳои чемпионати Тоҷикистон иштирок мекунанд. Семинари омӯзишӣ аз ҷониби сармутахассиси Slomo.tv Александр Калинин гузаронида мешавад. Slomo.tv, ки иҷозатномаи ФИФА дорад, таъминкунандаи системаи VAR барои Тоҷикистон мебошад.

Аз рӯи натиҷаи курсҳои омӯзишӣ, мутахассисоне, ки аз санҷишҳо бомуваффақият мегузаранд, шаҳодатномаҳои операторони системаи VAR-ро мегиранд ва барои иҷозатномадиҳии ниҳоӣ аз ҷониби ФИФА роҳ дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи видеодовар (VAR) аз нимаи дуюми чемпионати кишвар дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив