LIVE

Аҳлиддин Турдиев сармураббии "Куктош" шуд

Бо гузора шудани як рӯз аз истеъфои худ аз КМВА, Аҳлиддин Турдиев вазифаи сармураббии "Куктош"-ро ба ӯҳда гирифт. Аҳлиддин Тӯрдиев соли 2018 ҳам дар "Куктош" ба ҳайси ёрдамчии Алиҷон Тӯрдиназаров фаъолият карда буд. Бо роҳбарии онҳо тими "Куктош" сазовори зиннаи сеюм гардид.
Имсол КМВА дар ибтидои мавсим дар Ҷоми ФФТ ғолиб омад, аммо баъди гузашти чаҳор даври мусобиқа бинобар натиҷаҳои наонқадар хуб бо хоҳиши худ аз вазифа рафт.
Бояд гуфт, ки Аҳлиддин Турдиев дар мавсими гузашта сармураббии тими "Динамо" дар Лигаи якум ва якачини то 20 солаи кишвар буд. Таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби ҷавонони то 20 солаи мамлакат ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё баромад, аммо ФФТ ба ҷой ӯ мутахассиси белорус Олег Кубаровро ба даста даъват кард.  
КМВА зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев 4 бозӣ анҷом дода, як бохт ва се натиҷаи мусовиро ба қайд гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив