LIVE

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон мавқуф гузошта шуданд

Ҳама бозиҳои даври панҷуми 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ, ки мебоист рӯзҳои 20 ва 21 апрел баргузор шаванд, ба рӯзҳои захиравӣ гузаронида шуданд.

Дар робита ба Иди Саиди Фитр, ки ба 21 апрел рост меояд, бозиҳои даври панҷуми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба рӯзҳои захиравии тақвим гузаронида шуда, рӯзҳои 28, 29 ва 30 июн баргузор мегарданд.

Бозиҳои даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 тибқи тақвим – рӯзҳои 25 ва 26 апрел сурат мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив