LIVE

3 голи беҷавоби бонувони Ҳонконг ба дарвозаи Тоҷикистон

Дар бозии дигари даври аввал футболбозбонувони мунтахаби Ҳонконг ва Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Футболбозбонувони мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо натиҷаи 3 бар 0 ноком гариданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ нисбат ба футболбозони мо аз рӯи натиҷаи оморӣ футболбозбонувони мунтахаби Ҳонконг беҳтар буданд.
Ҳамакнун, дар даври дуюми мусобиқа Тоҷикистон бо Филиппин ва Покистон бо Ҳонконг рӯзи 8-уми апрел ба ҳам меоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 11 апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад.
Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд ва онҷо панҷ дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив