LIVE

"Барселона" маҷбур аст бо маблағи 200 млн евро бозинг фурӯшад

"Барселона" бояд барои беҳтар кардани вазъи молиявии худ чанд фурӯши калон кунад. Клуб бояд тақрибан 200 миллион евро ба даст орад.

Раҳбарияти варзишии «Барса» нақшаи трансфери навбатӣ омода карда, бозигаронеро муайян кардааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фурӯхта намешаванд.

Се нафари онҳо ҳимоятгар Роналд Араухо, инчунин нимҳимоятгарон Педри ва Френки де Йонг мебошанд. «Барселона» аз Марк-Андре тер Штеген, Гави, Алекс Балде, Жюл Кунде, Рафиня ва Роберт Левандовскини ҷудо шуданӣ нест. Инчунин сармураббӣ Хави намехоҳад Андреас Кристенсен ва Франк Кесйеро аз даст диҳад.

Бисёриҳо ба он ишора мекунанд, ки "Барселона" аз бозингароне, ки маошашон хеле зиёд аст, халос шуданист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив