LIVE

Духтарони 17 солаи Ӯзбакистон ғолиби чемпионати CAFA шуданд

Дастаи занонаи наврасони Ӯзбакистон (U-17) дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Ҳисор ба анҷом расид, ғолиб омад.

Дастаи мунтахаби Ӯзбакистон мусобиқаи мазкурро бидуни имтиёз аз даст додан анҷом дода, бар тимҳои Эрон (4:1), Қирғизистон (3:0) ва Тоҷикистон (5:0) пирӯз шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон шуд, ки шаш имтиёз ба даст овард. Сегонаи беҳтаринро бо се имтиёз мунтахаби Қирғизистон (3:0) касб кард.

Дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Фарҳод Холбеков дар ҳар се бозӣ шикаст хӯрд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола ширкат карданд.

Дар пайи натоиҷи мусобиқот ҷоизаи "Fair Play" ба тими Эрон ва ҷоизаи махсус насиби тими Тоҷикистон шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаро бозигари тими миллии Эрон Сомоёи Исмоилӣ (4 гол) ба даст овард. Ва капитани тими миллии Ӯзбакистон Асалхон Аминҷонова беҳтарин бозигари чемпионати CAFA-2023 дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив