LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо Уммон бозӣ мекунад

Аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои то 20 сола баргузор мешавад. 16 мунтахаби беҳтарин баҳри қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа талош меварзанд.
Мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «С» аст. Дирӯз дар бозии аввал дастпарварони Олег Кубарев аз мунтахаби Урдун дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуданд. Дар ду бозии ояндаи тими миллии кишвар бо Уммон рӯзи 5 март ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 8 март вомехӯрад.
Дар бозии оянда ҳарифи мунтахаби Тоҷикистон тими Уммон аст.  Уммон дар бозии даври аввал аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 4 мағлуб шуд. Агар мо ба бозиҳои охири мунтахаби Уммон дар соли 2023 пеш аз оғози Ҷоми Осиё  назар афканем, онҳо дар 3  бозии анҷом дода, 3  шикасти пайиҳам доранд.
 Мунтахаби Уммон дар бозиҳои рафиқона муқобили ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 0 бар 2  ва дар ду бозӣ муқобили Қатар  бо ҳисоби 0 бар 2 ва 1 бар 6 мағлуб шудааст.
Охирон ғалабаи мунтахаби Уммон охири соли 2022 бар ҳамсолонашон аз АМА дар бозии рафиқонаи байналмилалӣ аст, ки даста бо ҳисоби 2 бар 1 музаффарият ба даст оварда буд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби то 20 солаи Уммон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2023 шомили гурӯҳи “G” буда, бо касби 6 имтиёз аз зинаи аввал роҳхати мустақимро ба бозиҳои ниҳоии мусобиқаи мазкур соҳиб шуда буд. Дар сурате, ки мунтахаби Тоҷикистон ҳам бо касби 7 имтиёз аз зинаи аввал дар гурӯҳи “I”  роҳхати мустақимро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё 2023 ба даст оварда  буд.
Ёдовар мешавем, ки дастпарварони  Олег Кубарев  дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Анталияи Туркия 6  бозии санҷишӣ анҷом дода буд. Дар бозиҳоии санҷишӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1), Ӯзбекистон  (U-20)  мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив