LIVE

Ду рекорди нави Роналду

Ҳамлагар Криштиану Роналду дар бозӣ бо дастаи «Ал-Ваҳда» голи 500-уми худро зад. Баъдан голҳои 501, 502 ва 503-уми ӯ дар Лигаҳои футбол ба қайд гирифта шуд. Қабл аз ин, португалӣ 311 гол дар Ла Лига, 103 гол дар Премйер Лига, 81 гол дар Серия А, 3 гол дар чемпионати Португалия ва 2 гол дар «Ал-Наср» дошт. 
Илова бар ин, дар бозии даври 16-уми чемпионати Арабистони Саудӣ португалӣ 61-умин хет-трикро дар корномаи варзишии худ ба даст овард. 51 адади он - дар сатҳи клуб, 10 – тои он дар тими миллии Португалия ба қайд гирифа шудааст. 
Дар байни бозигарони феълӣ Роналду аз рӯи шумораи хет-трикҳо пешсаф аст. Лионел Месси 56 маротиба дар як бозӣ се гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив