LIVE

“Реал” дар 30 бозии охир бори аввал гол зада натавонист

«Реал Мадрид» натавонист дар бозии даври 19-уми Ла Лига бар «Реал Сосйедад» ғалаба кард. Бозӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” дар мавсими солҳои 2022/2023 дар тамоми мусобиқаҳо дар 30 бозӣ бори аввал гол зада натавонист. Дар 29 бозии қаблӣ мадридиҳо ҳадди аққал як бор ба дарвозаи ҳариф тӯбро ворид сохтаанд. 

“Реал Мадрид” ба дарвозаи “Сосйедад” 20 зарба зад, ки ягонтоаш ба гол табдил наёфт. 

Шогирдони Карло Анчелотти 42 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюм қарор доранд. «Барселона» 5 хол қафо мондааст. «Реал Сосйедад» (39) дар зинаи сеюм аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив