LIVE

Шоҳи футбол аз дунё даргузашт

Шоҳи футбол, ягона футболбозе, ки 3 маротиба қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардааст, футболбози мумтози кишвари Бразилия Пелеи дастон дар синни 82-солагӣ даргузашт. 

Вазъи саломатии шоҳи футбол дар интиҳои моҳи ноябр бад шуд. Бемории саратони рӯда легендаи футолро сахт азият дод ва тӯли як моҳ дар бемористони шаҳри Сан-Паулу бистарӣ карда шуда буд. Ҳамчунин дар вақти дасту панҷа нармкардани бо бемории саратон Пеле ба коронавирус низ гирифтор шуда, онро паси сар кардааст.

Пеле дар солҳои 1958, 1962 ва 1970 қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ҳамчунин Пеле беҳтарин футболбози асри 20 аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол эътироф гардид.

Дар сатҳи бошгоҳӣ,  ҳамлагар дар «Сантос»-и Бразилия ва «Ню-Йорк Космос»-и Амрико бозӣ кардааст. 

Ҳамин тавр чӣ гунае, ки худи Пеле баъди марги Диего Марадонаи дастон гуфта буд, “ман ҳам хеле зуд ба ту мепайвандам ва дар осмонҳо ба бозии футбол идома медиҳем”.

Бояд гуфт, ки шоҳи футбол шоми гузашта фавт кард ва то ба ин соат кулли бузургони футбол ба суроғаи оилаи Пеле барқияи тасаллият равон мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив