Мунтахаби Марокашро ба мисли қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Имсол мунтахаби Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар то даври нимниҳоӣ баромад.
Ҳайати мураббиён ва бозингарони мунтахабро дар хона ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.
Пас аз фурӯд омадани ҳавопаймои онҳо, бозигарон бо автобуси болояш кушода аз кӯчаҳои асосии пойтахти Марокаш гузаштанд. Ҳазорон нафар мардуми Марокаш бо оташ, шиор ва парчамҳо ба истиқболи бозигарон баромада буданд. Футболбозони Марокаш бо номи "Шерҳои атлас" маъруфанд.
Пеш аз мағлуб шудан аз собиқ қаҳрамони ҷаҳон - Фаронса, тими миллии Марокаш тавонист фаворитҳои қавӣ, аз ҷумла Белгия, Испания ва Португалияро мағлуб созад.
Марокаш аввалин кишвари Африқо ва арабӣ шуд, ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт.