LIVE

Бускетс корномаи худро дар мунтахаби Испания ба анҷом расонид. 

Нимҳимоятгари дастаи “Барселона” Серхио Бускетс, ки 34 сол дорад, эълон кард, ки дигар дар тими миллии Испания баромад намекунад.

«Ба шумо хабар медиҳам, ки пас аз тақрибан 15 солу 143 бозӣ вақти видоъ бо тими миллӣ фаро расидааст. Ман мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар ин сафари тӯлонӣ ба ман кӯмак карданд, ташаккур гӯям! Бо шумо бозӣ кардан шарафи ман буд! Ташаккур ба ҳама!" — иқрор шудааст, Бускетс дар шабакахои ичтимоӣ.
Соли 2009 футболбоз бори нахуст дар ҳайати тими миллии Испания давъат шуд. Бускетс бо перҳани мунтахаби кишвараш дар тамоми мусобиқаҳо 143 маротиба вориди майдон шуда, ду гол ва 9 партофти головар кардааст.
Дар ҳайати Испания Бускетс қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2010 ва қаҳрамони Аврупо дар соли 2012 шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив