LIVE

Дар “Барселона” ба ҷуз аз Лапорта, дигар касе бозгашти Мессиро намехоҳад

Ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси умедвор аст, ки ба “Барселона” бармегардад. Аммо роҳбарияти каталониҳо,назар ба ҳамлагари собиқи хеш, даъвати бозигари “ман Сити” ва якачини Португалияро афзалтар медонанд. 

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар Шӯрои мудирони “Барселона” баҳси тӯлонӣ дар мавриди интихоб миёни бозгашти Месси ва хариди Бернарду Силва аз “Манчестер Сити” сурат гирифтааст.
Президенти клуб Жоан Лапорта дар ибтидо ҷонибдори бозгашти футболбози афсонавӣ Месси буд, аммо шӯрои директорон ӯро бовар кунонд, ки ба як бозигари ҷавонтар бартарӣ диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Месси аввалин маротиба дар “Барселона” соли 2005 баромад ва то тобистони соли 2021 дар ҳайати он бозӣ кардааст.

Даста бо далели мушкилоти молӣ натавонист шартномаи Мессиро тамдид кунанд ва аргентинӣ ҳамчун агенти озод ба ПСЖ гузариш кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив