LIVE

Англия дарвозаи Эронро голборон намуд

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол идома доранд, ки дар он дастаҳои Англия ва Эрон бо ҳам вохӯрданд. Дар ин бозӣ нимҳимоятгари дастаи “Арсенал” Букайо Сака ду гол зад ва ҷавонтарин футболбози инглис шуд, ки дар 21 солагиаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дубл кард. Бозии Англия ва Эрон бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи шогирдони Гарет Саутгейт анҷом ёфт.

Дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар мунтахаби Англия бо тими миллии Эрон дидор кард. Бозӣ дар варзишгоҳи байналмилалии Халифа дар Доҳа баргузор шуд ва бо пирӯзии бритониёиҳо бо ҳисоби 6 бар 2 анҷом ёфт.

Дар ҳайати дастаи ғолиб голҳоро Англия Ҷуд Беллингем,  Букайо Сака, Раҳим Стерлинг Маркус Рашфорд ва Ҷек Гриалиш ба ҳадаф расониданд.
Ду голи эрониҳоро Тареми дар номи худ сабт кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив