LIVE

Рашфорд ва Сака ба Англия кӯмак карда наметавонанд

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Маркус Рашфорд ва нимҳимоятгари "Арсенал" Букайо Сака ба  бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар муқобили  яккачинҳои  Албания ва Лаҳистон даъват нашуданд, гузориш медиҳад ВВС. Ҳарду футболбоз рӯзи панҷшанбе  бо Сан-Марино (5-0) бозӣ накарда буданд.
Рашфорди 23-сола бо вуҷуди осеби пояш ба ҳайати Гарет Саутгейт ҳамроҳ шуд, вале  пас аз санҷишҳои иловагӣ ба Юнайтед бармегардад.

Сака бошад,  ба сабаби латхӯрии устухони пояш  ба мунтахаб напайваст. 
Саутгейт умедвор буд, ки ин ҷуфт дар бозиҳои оянда ширкат карда метавонад, аммо  вазъи футболбозон ба онҳо имкон намедиҳад, ки дар тими миллӣ бозӣ кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив