LIVE

"Барса" нисбати Хави чӣ тадбирро рӯи даст мегирад?

Бо вуҷуди набаромадани «Барселона» аз гурӯҳ дар Лигаи Чемпионҳо Хавиро хатари аз даст додани вазифа таҳдид намекунад.  Ба гуфтаи манбаъ, Хави дар "Барселона" дастнорас аст.  Клуб интизор дорад, ки дар оянда ба комёбиҳо ноил шавад ва даста бо роҳбарии мутахассиси испанӣ бозиҳои худро идома медиҳад.  Ёдовар мешавем, ки дар даври панҷум «Барселона» аз «Бавария» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.  Қаблан «Интер» бар «Виктория» ғалаба кард ва каталонияҳоро аз шонси дарёфти роҳхати даври плей-офф дар ин мусобиқа маҳрум кард.  «Барселона» зери роҳбарии Хави барои дуввумин бор паиҳам ба марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфта натавонист.  Акнун даста дар Лигаи Аврупо бозӣ мекунад.  Хави аз соли 2021 сарварии бошгоҳи каталониро ба ӯҳда дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив