LIVE

"Барса" нақша дошт, ки дар ЛЧ ҳадди ақал 20 млн евро кор кунад, вале...

Goal хабар медиҳад, ки  «Барселона» нақша дошт, то дар Лигаи чемпионҳо ҳадди ақал 20 миллион евро кор кунад.

Ба иттилои манбаъ, президенти «Барселона» Жоан Лапорта барои мавсими имсола бо назардошти он, ки онҳо ба даври чорякфиналии мусобиқа роҳ меёбанд, буҷаи мавсимиро тарҳрезӣ кардааст. Дастрасӣ ба даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо ба клубҳо тақрибан 9,6 миллион евро ва ба чорякфинал баромадан 10,6 миллион евро меорад. Ҳамин тавр, каталониҳо камаш 20 миллион евро аз даст доданд.

Ёдовар мешавем, ки "Барселона" пас аз даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо шонси роҳ ёфтан ба плей-оффи Лигаи Чемпионҳоро аз даст дод. Ин баъди он руй дод, ки «Интер» бар «Виктория» (4:0) ғалаба кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив