LIVE

Магар,ки Лука Йович аз "Реал Мадрид" нияти рафтан кардааст?

Начандон қабл шумораи зиёди расонаҳои хабарӣ эълон доштанд,ки ҳамлавари “Лос Бланкос” Лука Йович талаботҳои Зинедин Зиданро қонеъ карда натавонист ва фаронсавӣ омода аст,ки сербиро ба иҷора фиристад. Ҳамин маврид Газетто делло Спорт хабар дода буд,ки нисбати ин футболбоз “Милан” чашм дӯхтааст,аммо худи бозингар нақшаҳои худро эълон кард ва ба кулли ин овозаҳо чунин тавр баҳо дод. "Хабарҳо дар мавриди ба ягон даст рафтанам маро ба ханда меорад. Расонаҳо ҳама вақт суханбозӣ мекунанд. Маро  ҳама чиз дар “Реал” қонеъ мекунад ва ба ман кор кардан таҳти роҳбарии Зиданписанд аст. Ӯ аз беҳтарин мураббиёни футболии дунё маҳсуб мешавад". 
Мо низ  дар андешаи онем,ки Йович дар ин равзана бошгоҳашро иваз намекунад. Барои ӯ низ ба монанди дигар бозигарон вақти мутобиқшавӣ зарур аст,дар ҳоле ки дар тими наваш то ҳол имкони ҳақиқи худнишондиҳиро  пайдо накардааст. Аён аст,ки дар “Реал” мушкилоти анъанавӣ  ба монанди   ворид намудани бозингари нав бе хориҷ намудани Бензема аз ҳайат вуҷуд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт,ки Зидан ба чунин қарори қатъӣ наомада, Йовичро дар даста хоҳад монд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив