LIVE

Роналду дар 39 солагиаш дар чемпионати Аврупо ширкат карданист

Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” ва капитани мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи нақшаҳои ояндааш дар тими миллии  кишвараш гуфт.

«Умедворам, ки чанд соли дигар дар ҳайати тими миллӣ бошам. Орзуҳои ман бузурганд. Ман то ҳол худро хеле рӯҳбаланд ҳис мекунам. Роҳи ман бо даста ҳанӯз ба охир нарасидааст. Дар яккачини мо ҷавонони болаёқат бисёранд. Дар пеш чемпионати ҷаҳон аст, ман боз мехоҳам дар чемпионати Аврупо ширкат кунам», —иброз доштааст Роналду.

Бо чунин суханҳо Криштиануи 37-сола дар як маросими тантанавӣ баромад кард, ки дар он Федератсияи футболи Португалия ба ӯ ҷоиза барои рекорди шумораи голҳо дар ҳайати тими миллӣ (117) тақдим кард. Роналду беҳтарин нишонзан дар таърихи тимҳои миллист. Аз 100 зиёд танҳо Алии Даеии эронӣ дар тими миллии кишвараш ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив