LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳоро дар Чиангмай шуруъ кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки як рӯз пеш барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022»  ба шаҳри Чиангмай расид, нахустин тамринҳои худро анҷом дод.

Дар ҳайати мунтахаби кишвар дар ҳоли ҳозир 17 бозигар қарор дорад. Бозигарони боқимонда марҳила ба марҳила ба даста шомил хоҳанд шуд. Тими миллии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр дар ҳайати пурра ҷамъ мешавад.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ дар ҳамон рӯз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи нерӯсанҷиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» доир мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив