LIVE

«Ливерпул» дар майдони худ «Кристал Пэлас»-ро шикаст дода натавонист

Дар бозии даври 2-юми Премйер-Лигаи Англия «Ливерпул» дар майдони худ «Кристал Пэлас»-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Энфилд»-и Ливерпул баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 32-юми вохӯрӣ, ҳамлагари «Кристал Пэлас» Вилфрид Заха ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 57-ум сардовари бозӣ Пол Тирни ба ҳамлагари дастаи «Ливерпул» Дарвин Нунйес барои тела додани рақиб корти сурх нишон дод. Пас аз чаҳор дақиқа, ҳамлагар - Луис Диас ҳисобро баробар кард. Дар даври навбатии «Ливерпул» бо «Манчестер Юнайтед» ва «Кристал Пэлас» бо «Астон Вилла» бозӣ мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив