LIVE

Голи ван де Бек низ ба "МЮ" кӯмак накард

«Манчестер Юнайтед» дар даври дуюми чемпионати Англия аз дастаи «Кристал Пэлас» шикаст хурд. Бозӣ дар «Олд Траффорд» сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба фойдаи меҳмонон ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 7-ум бозигари «Пэлас» Эндрос Таунсенд боз кард. Дар дақиқаи 72-юми дидор довар ҷониби дарвозаи «Манчестер Юнайтед» пеналтӣ таъин кард. Уилфрид Заха зарбаи 11-метраро иҷро намуда, ҳисобро 0 бар 2 сохт. Дар дақиқаи 80-уми вохӯрӣ бозигари ҷадиди "МЮ" Донни ван де Бек як гол ба самар расонид. Аммо дере нагузашта,  Заха голи дуюми худро ба қайд гирифт. «Манчестер Юнайтед» аввалин бозии худро дар ПЛА анҷом дод. «Кристал Пэлас» бошад, дуюмин ғалабаи худро ба қайд гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив