LIVE

Мусоҳибаи махсуси Эҳсони Панҷшанбе дар Эрон

Аз омадани шумо ба Эрон ва будубоши шумо дар Исфаҳон оғоз мекунем.
 Вақте ки ман дар бораи Исфаҳон хондам, Исфаҳон  як шаҳри зебо ва таърихӣ аст.  Дар ин рӯзҳо ман дар Теҳрон ҳастам, ки хеле зебост ва аз пазироии бозикунони даста низ хеле миннатдорам.
 * Чи шуд, ки ба Эрон омадед?
 Вақте пешниҳодро гирифтам, бо бисёр дӯстонам  машварат кардам ва ба хулосае омадам, ки интихоби хуб аст.
 * Дар бораи дастаи "Зуб Оҳан"  чӣ фикр доред?
 “Зуб Оҳан” як тими бисёр хуб ва ҳирфаӣ аст ва агар иштибоҳ накунам, ду маротиба ба даври ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт ва ноиб қаҳрамони Эрон шуд аст ва як тими бузург аст.  Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо ҳастам.
 * Оё шумо дар мавсими гузашта низ ба Эрон омаданӣ будед?
 Бале, аз Истиқлол пешниҳод доштам.
 * Чаро наомадед?
 Ман бо Навбаҳор қарордод  доштам ва ризоияти даста барои рафтан муҳим буд.
 * Дар хакикат Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов низ ба Персеполис омада буданд, аммо Манучеҳр аз даста ҷудо шуд.
 Пас аз бозии хуби дастаи худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, онҳо ба Персеполис рафтанд ва ман аз онҳо шодам.
 * Оё шумо бо онҳо дар тамос ҳастед?
 Мо ҳамеша сӯҳбат мекунем ва ман ҳамеша ба онҳо маслиҳат медиҳам.
 * Пас аз чанд рӯз шумо бояд бо Персеполис, ки Ваҳдат дар он ҷост , бозӣ кунед;  Албатта, шумо бояд донед, ки ӯ осеб дорад.
 Бале, чанде пеш бо Ваҳдат ҳамсӯҳбат шудам.  Мо бозӣ дорем ва ман фикр мекунам, ки ин бозии хуб хоҳад буд.  Орзу дорам, ки Ваҳдат ҳарчи зудтар шифо ёбад ва ба майдон баргардад.
 * Дар Узбакистон будед ва акнун ба Эрон омадед.  Кадом кишварро барои зиндагӣ ва футбол интихоб мекунед?
 Дар Узбакистон комилан ба фарҳанги онҳо одат кардам ва зиндагии хуб доштам, вале фикр мекунам, ки ин одат дар Эрон низ пайдо мешавад.  Мо дар ин ҷо як тими хеле хуб дорем ва нуктаи дигар ин забони умумӣ аст, ки ба ман бисёр кумак мекунад.
 * Бо насаби    шумо дар Эрон шӯхӣ мекунанд .  Панҷшанбе ё паншанбе?
 Бале, ин ҳама шӯхиҳоро хондам, хандаовар буд, ки  маро ба номи як рӯзи ҳафта ташбеҳ додаанд.  Аммо гап ин аст, ки номи ман "Эҳсони Паншанбе" аст.  Номи падарам, ки даргузашт, "Паншанбе" буд,  барои ҳамин ман номи  хонаводаиямро аз ҳамин ном интихоб кардам.  Албатта, аз ин шӯхиҳо озурда нестам ва медонам, ки нияти бад набуд.
 * Дар бораи футболи Эрон сӯҳбат кунед.  Шумо чӣ қадар маълумот доред?
 Лигаи Эрон яке аз қавитарин лигаҳои Осиё аст ва тими миллии шумо ҳамеша дар Ҷоми Ҷаҳон ширкат мекунад ва ман бозиҳои онҳоро тамошо мекардам.Ба тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии оянда муваффақият таманно дорам.  Дар Точикистон футболи мо рӯз то рӯз пеш меравад ва мо беҳтар шуда истодаем.  Чун дар Лигаи Чемпионҳо «Истиқлол» натиҷаҳои хуб ба даст овард ва тими миллӣ низ ба Ҷоми Миллатҳо роҳ ёфт.
 * Ба назари Шумо, Тоҷикистон дар муқоиса бо Эрон чӣ камбуди дорад?
 Он чизе, ки гуфтаниам, ин аст, ки футболи Эрон дар бозиҳои лига дастаҳои зиёде дорад ва ин як чизи хуб аст.  Зиёд кардани шумораи бозиҳо ба бозикунон  кӯмак мекунад.
 * Зуб  Оҳан  чӣ гуна аст?
 Ҳама чиз хеле хуб аст ва мо машқҳои хуб ва мунтазам дорем.  Мо танхо як максад дорем ва он муваффакияти тим аст.
 * Дар бораи сармураббии даста Мӯҳсини Тортор чӣ фикр доред?
 Ба ҷаноби Тортор барои бовариаш ба ман ташаккур мегӯям ва умедворам, ки ин бовариро сазовор бошам. Мураббии ботаҷриба аст ва дар мавсими гузашта бо “Зуб Оҳан” натиҷаҳои хуб ба даст овард ва дар ин муддат ба ман кумаки зиёде кард.
  * Шумо забони форсиро хеле хуб медонед.
 Забони мо тоҷикӣ ё форсӣ аст ва ман бо бозикунони даста ба забони форсӣ ҳарф мезанам.  Албатта, забони русиро низ медонам.
 * Дар Эрон барои мо ғизо хеле муҳим аст ва мо ҳатто аз футболбозон дар ин бора мепурсем!
 Бале, ман инро ба наздикӣ фаҳмидам.  Шумо биринҷро бисёр мехӯред ва таоматон хеле болаззат аст ва ба таомҳои тоҷикӣ хеле монанд аст.
 * Таомҳои дӯстдоштаи эронии шумо кадом аст?
 Биёед ман ҳама хӯрокҳоро санҷам, ман ба ин савол пас аз чанд моҳ ҷавоб медиҳам!
 * Дар бораи тими миллии мамлакати худ гап занед.
 Тавре медонед, мо бори аввал ба Ҷоми миллатҳои Осиё роҳхат гирифтем ва ин барои мардуми Тоҷикистон хеле муҳим аст.  Умедворам, ки мо дар Ҷоми Миллатҳо хуб бози  карда метавонем.
 * Оё футболи Эрон дар Тоҷикистон мухлис дорад?
 Бале, умуман футбол дар Тоҷикистон хеле маъмул аст ва онҳо низ бозиҳои Эронро пайгирӣ мекунанд, Персеполис ва Истиқлолро хуб мешиносанд.
 * Ба назари шумо, бузургтарин тими Эрон кадом аст?
 Зуб Оҳан,   Ман бозикуни ин даста ҳастам ва посухи дигар намедиҳам.
 Суҳбат: Муҳаммад Ҳиммати
Аз форсӣ баргардонанда Фаррух Набиев 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив