LIVE

Расман: Дибала ба "Рома" гузашт

Футболбози аргентинӣ Пауло Дибала ба "Рома"-и Италия гузашт. 

Омили асосии гузариши футболбоз сармураббии тими «Рома», португалӣ Жозе Моуринйо буд, ки ба бозигар занг зада, дар бораи лоиҳае, ки бошгоҳ бунёд мекунад, сӯҳбат кард.

Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабритсио Романо, футболбоз то моҳи июни соли 2025 шартнома баст.

Дибала пас аз он ки дар бораи тамдиди шартнома бо "Ювентус"-и Турин ба мувофиқа нарасид, ба футболбози озод табдил ёфт.

Дар ҳайати бошгоҳи Турин, аргентинӣ аз соли 2015 бозӣ карда, дар 293 бозӣ 115 гол ва 48 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив