LIVE

Дибала ба Премйер Лига меравад

Ҳамлагари "Ювентус"  Пауло Дибала шояд тобистон тарки даста кунад.

«Манчестер Сити» назар ба ҳамаи довталабон нархи баландтарро ба аргентинӣ пешниҳод дорад-10 млн евро. Мураббии "шаҳриҳо" Хосеп Гвардиола ба ин трансфер исрор дорад, менависад La Gazzetta dello Sport.

Дастаҳои "Ливерпул", "Тоттенхэм" ва "Интер" ҳам ба ин футболбози 28 сола мароқ зоҳир мекунанд.

Дибала амалан бо "Ювентус" дар бораи маоши 10 миллион евро розӣ шуд, аммо баъдан клуби Турин шартҳои гуфтушунидро тағйир дод. Дар мулоқот бо Пауло дар моҳи феврал ба ӯ маоши камтар пешниҳод мекунанд. Tuttosport хабар дод, ки маоши ҳамлагар 15% кам карда мешавад.

Дибала аз соли 2015 дар «Ювентус» бозӣ мекунад, ӯро аз «Палермо» ба маблағи 40 миллион евро хариданд. Дар 276 бозӣ дар ҳайати дастаи Турин Пауло 111 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив