LIVE

Баъд аз чанд лаҳза дастаи нави Дибала маълум мешавад

Ҳамлагари 28-солаи «Ювентус» Пауло Дибала, ки дастаи Туринро тарк мекунад, бозигари «Интер» мешавад. Миланиҳо бо агенти бозигари аргентинӣ мулоқот карда, дар онҷо қарордодро бастанд. Дибала соли 2015 ба «Ювентус» гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагар дар 293 бозӣ дар ҳайати даста 115 гол задааст ва 48 партофти головар низ кардааст. Дибала инчунин  панҷ бор Серия А-ро ба даст оварда, чаҳор маротиба Ҷоми Италия ва се Суперҷомро низ соҳиб шудааст.  
Қаблан «Ювентус» ва Дибала барои бастани шартномаи нав сари мақсад омада натавонистанд. Дибала бо «Интер» ҳамчун агенти озод шартнома мебандад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив