LIVE

Меҳрубон Каримов ба дастаи "Динамо-Автои Молдова" рафт

Меҳрубон Каримов бозигари мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон расман бозигари тими Динамо-Автои Молдова гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи кишвари Молдова. Меҳрубон дар мунтахаби асосии кишвар низ моҳи марти соли ҷорӣ бори аввал ба майдон баромад. Ӯ дастпарвари дастаи "Динамо"-и шаҳри Душанбе буда, пеш аз гузаришаш ба "Динамо-Авто"-и Тираспол дар дастаи "Пеликани" Туркия ҳунарнамоӣ менамуд. Дар ин даста пештар бозигари дигари мунтахаби кишвар Шаҳром Самиев низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив