LIVE

Шаҳром Самиев дастаашро иваз кард

Ҳамлавари мунтахаби Тоҷикистон - Шаҳром Самиев корномаашро дар Чемпионати Молдова идома медиҳад.  Бозигари 19-сола бо дастаи Шериф, ки 18-карат чемпиони Молдова гардида, буд шартномаи ҳамкорӣ баст. Пас аз бастани қарордод Самиев ба бошгоҳи “Динамо-Авто” то ба охири сол ба иҷора дода шуд. Пас аз баргузории 8 даври Чемпионати Молдова дастаи нави Шаҳром бо касби 10 имтиёз дар зинаи 5-ум қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози мавсим ин футболбози умедбахши тоҷик ба Федератсияи Россия сафар намуда, дар ҳайати дастаи "Рубин"-и Қазон ба тамрин машғул буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив