LIVE

«Ливерпул» билохира аз Минамино ҷудо мешавад

«Ливерпул» футболбозии ҷопонии худ Такуми Минаминоро ба «Монако» мефиристад. Ба иттилои манбаъ, монакогиҳо  дар бораи гузариши ҳамлагари ҷопонӣ бо «Ливерпул» ба мувофиқа расидаанд. "Монако" барои интиқоли Минамино 18 миллион евро пардохт мекунад. Интизор меравад, ки қарордоди ҳамлагар бо "Монако" панҷ сол баста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Минамино соли 2020 ба “Ливерпул” гузашт. Ҳамлагари 27-солаи ҷопонӣ дар мавсими гузашта дар Премйер-Лигаи Англия 11 бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Аз соли 2015 Минамино ба тими миллии Ҷопон даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив