LIVE

Оё Минамино ба “Ливерпул” лозим аст?

Форварди "Залтсбург" Такуми Минамино ба "Ливерпул" гузариш намуд. Тафсилоти созишнома пурра мушаххас нашудааст. Футболбози ҷопонӣ 1-уми январ расман бозигари дастаи “Ливерпул” мегардад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дастаи англисӣ Минаминаро ба 7,25 миллион фунт харидорӣ намудааст. Дар ҳайати дастаи “Затлсбург”-и Австрия футболбози 24-сола 199 бозӣ гузаронида, ба задани  64 гол даст ёфтааст. Инчунин дар 22 бозӣ дар  тими миллии Ҷопон муаллифи 11 гол маҳсуб мешавад. Дар 14 бозии мавсими ҷории Австрия Минамино 5 гол зада,  5 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив