LIVE

Голи Давронҷон дар дақиқаи 90+5 дастаи “Бунёдкор”-ро аз бохт наҷот дод

Дар даври 12-уми Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи “Бунёдкор”, ки  дар ҳайати он футболбози тоҷик Давронҷон Эргашов бозӣ мекунад, бо тими футболи “Қуқанд 1912” рақобат намуд. То дақиқаи 90-ум “Бунёдкор” бо як голи сардодааш ақиб мемонд ва ба бохт наздик буд. Капитани ин тими футбол Давронҷон Эргашов дар дақиқаи 90+5-уми вохӯрӣ голи ҷавобиро зада, дастаашро аз шикасти навбатӣ наҷот дод. Ин тими футболи шаҳри Тошкент баъд аз 12 даври Суперлига 13 имтиёз ба даст оварда, мақоми 7-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив