LIVE

Шаш голи Муҳсин Рустамзода ба дарвозаи "Ваҳдат"

Дар доираи даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдатро ба ҳузур пазируфт. Қисми аввали дидорро бозигарони меҳмон бо муваффақият оғоз намуда, аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда 2 маротиба хати дарвозаи дастаи "Гулистон"-ро рахна намуданд. Пас аз ин гуна ранг гирифтани дидор бозигарони дастаи "Гулистон" ташаббусро ба даст гирифта то поёни қисми аввал 4 маротиба хати дарвозаи дастаи "Ваҳдат"-ро рахна намуда, тавонистанд ҳисоби бозиро бар нафъи худ 4-2 намоянд. Чаҳор туби дастаи "Гулистон"-ро дар қисми аввал беҳтарин нишонзани даста Муҳсин Рустамзода ба ҳадаф расонид. 
Дар қисми дуюми дидор кӯшишҳои гулистониён самар дода, тӯби 5-умро низ вориди дастаи ҳариф намуданд. Пас аз қоидавайронкунии бозингарони "Ваҳдат" дар назди дарвозаи худ аз ҷониби довар зарбаи ҷаримавӣ таъин карда шуд ва Муҳсин Рустамзода тӯби шашуми худро дар дидори мазкур ба самар расонида, ҳисоби дидорро 6 бар 2 намуд. Бозингарони дастаи "Ваҳдат" аз як фурсати муносиб истифода намуда, тӯби 3-юми худро вориди дастаи мизбонон намуданд. Ҳуҷумкорони дастаи "Гулистон" то охирин фурсатҳо фаъолона бозӣ намуда, дар дақиқаҳои охири илова намудаи довар Ҷӯрабой Исоев бори 7-ум хати дарвозаи меҳмононро рахна намуд. 
Ҳамин тавр дидори дастаҳои "Гулистон" - "Ваҳдат" дар даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум бо ҳисоби бузурги 7-3 ба анҷом расид. 
Тубҳоро аз ҳайати дастаи "Гулистон" 6 маротиба Муҳсин Рустамзода ва 1 маротиба Ҷӯрабой Исоев ба ҳадаф расониданд.
Лозим ба зикр аст, ки дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар даври нуҳуми чемпионат санаи 25-уми июни соли 2022 дар сафар бо дастаи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдондорӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти асосии бозиҳои Лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив