LIVE

Ди Мария мехоҳад ба "Барселона" равад

Нимхимоятгари аргентинӣ Анхел Ди Мария, ки бояд бо «Ювентус»-и Турин  шартнома бандад, мехоҳад ба дастаи "Барселона" гузарад. Дар ин бора Mundo Deportivо хабар медиҳад.
Ди Марияи 34 соларо  шартномааш бо «ПСЖ»  30 июни соли 2022 ба охир мерасад. Ӯ тарки дастаи фаронсавӣ мекунад.  Анхел Ди Мария ҳафт мавсими охир дар "ПСЖ" бозӣ карда, дар 295 вохӯрӣ 95 гол ва 119 партфоти головар намудааст. Ди Мария каблан бозигари дастаҳои маъруфи "Манчестер Юнайтед" ва "Реал Мадрид" низ буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив