LIVE

Азар: Аз он шодам, ки Мбаппе ба "Реал" нагузашт

Нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” - Эден Азар гуфт, ки аз он ки ҳамлагари ПСЖ Килиан Мбаппе ба бошгоҳи испанӣ нагузашт, хушҳол аст ва ҳамчунин гуфт, ки ният дорад барои вақти бештари бозӣ мубориза барад.
 "Бо омадани Килиан ворид шудан ба ҳайати асосии 11 нафара  боз ҳам мушкилтар мешуд. Бо вуҷуди ин, ман дар “Реал Мадрид” мемонам. Ҳоло ман имкон дорам, ба сатҳи қаблии худ баргашта, вақти бештари бозӣ дар майдонро пайдо мекунам".  Эден Азар дар ин мавсим дар тамоми мусобиқот дар ҳайати “Реал Мадрид” 23 бозӣ анҷом додааст. Вай як гол зада, ду партофт анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив