LIVE

Месси: "Левандовски соли 2020 лоиқи "Тӯби тиллоӣ" буд, на соли 2021..."

Ҳамлагари дастаи ПСЖ ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар бораи суханони Роберт Левандовски пас аз ба даст овардани бонуфузтарин ҷоизаи шахсӣ - "Тӯби тиллоӣ" дар соли 2021 сухан гуфт.

«Ҳар кас он чизеро, ки мехоҳад, мегӯяд ва ба таври худ метавонад фикрашро баён кунад. Рости гап, ман ба он чизе, ки Левандовски гуфтааст, розӣ нестам, аммо ба он ҳам чандон аҳамият надодам. Ин чиз бароям муҳим нест. Аммо он суханоне, ки ман дар он лаҳза ба ӯ гуфтам, аз самими қалб буданд, зеро ман воқеан чунин ҳис мекардам. Ман қаблан гуфтам, ки ӯ сазовори “Тӯби тиллоӣ” буд, зеро ӯ соли пеш беҳтарин буд, аммо соле, ки ман “Тӯби тиллоӣ” гирифтам, ӯ беҳтарин набуд.”

Ёдовар мешавем, ки пас аз супурдани ҷоиза Лионел аз саҳна ба Роберт гуфта буд: “Шумо сазовори “Тӯби тиллоӣ” ҳастед. Ҳама розианд,  ки шумо бояд соли гузашта ҷоиза мегирифтед.” Пас аз ин, Левандовски чунин посух дод: "Умедворам, ки ин як изҳороти самимии як бозигари бузург буд, на танҳо сухан."

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ҷоиза бинобар пандемияи коронавирус дода нашуд. Бисёре аз коршиносон ва мухлисон боварӣ доштанд, ки Роберт Левандовски бояд ҳамон сол “Тӯби тиллоӣ” мегирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив