LIVE

Иброҳимович: "Ман ба ваъдаам вафо кардам"

Ҳамлагари «Милан» Златан Иброҳимович дар бораи пирӯзии даста дар чемпионати Италия дар мавсими 2021/2022 сухан ронда, ёдовар шуд, ки ба ваъдааш вафо кардааст. 
«Милан охирин бор ғолиби чемпиони Италия шуд, ки ман бозӣ мекардам ва ҳоло боз даста бо ҳамроҳии ман ба пирӯзӣ даст ёфт. Дуюним сол пеш ба мухлисон ваъда дода будам, ки “Милан”-ро ба он ҷое, ки бояд бошад, баргардонам ва муваффақ шудам, ҳарчанд бисёриҳо бовар намекарданд. 
Дар бораи оянда чӣ гуфтан мумкин аст? 10 соли дигар бозӣ мекунам ва пули бештар ба даст меорам. Дар асл, бояд саломатии худро беҳтар кунам ва он гоҳ маълум мешавад. Ман аз анҷоми корномаи варзишии худ метарсам, аммо агар ин короо ҳар вақте, ки хоҳам карда метавонам", гуфтааст Иброҳимович.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив